Раиси ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ – Nigeria Gazetesi

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон https://t.co/vMVJWYBy9w

— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) February 28, 2023

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.02.2023 , шаҳри Душанбе

28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи масъалаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ҳисоботи муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири бевоситаи худро дар раддабандии байналмилалии Тоҷикистон расонида, на танҳо вазъи ҷории молиявӣ, миқдори сармоя ва маблағи қарзӣ, балки фаъолияти ояндаи молиявии ташкилоти қарзиро фарогир мебошад.

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бошад, бо ҷорӣ намудани асосҳои идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ташкили шӯроҳои нозирон дар онҳо барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ғайра таҳия гардидааст.

Баъди баррасии лоиҳаҳои қарорҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки номи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” иваз карда шавад.

Ҳамзамон қарор дода шуд, ки Шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” таъсис ва ҳайати шӯрои нозирони он тасдиқ гардад.

Сипас, дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ”, муҳокима гардид.

Вобаста ба лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакат Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ” таъкид гардид, ки мақсад аз таҳия намудани он мутобиқ намудани муқаррароти лоиҳа ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин таъмини амнияти иттилоотӣ, рақобати озод ва рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳои нав ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ ва ғайра мебошад.

Лоиҳаҳои қонунҳои номбаршуда, баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат масъалаҳо Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафаробод ва номгузорӣ намудани он, Дар бораи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Дар бораи Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027, Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Дар бораи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Дар бораи Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 муҳокима карда шуд.

Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишондоди Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, вусъати кишту кори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта, бунёди боғу токзори нав, маданияти истифодаи замин, гирифтани 2-3 ҳосил аз заминҳои кишоварзӣ, наздиҳавлигӣ, президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз, картошкаву сабзӣ, ба роҳ мондани тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ, ҳифзи табиат ва беҳдошти муҳити атроф ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои давлатӣ, супоришҳои мушаххас доданд.

kaynak:http://www.president.tj/node/30119?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон https://t.co/vMVJWYBy9w

— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) February 28, 2023

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон https://t.co/wqlIrEqsOp

— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) December 29, 2022

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022 , шаҳри Душанбе

29 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст масъалаҳои вобаста ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», ки вобаста ба он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода гузориш дод, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавре таъкид гардид мақсад аз баррасии санади мазкур ин мушаххас намудани раванди иҷрои Буҷети давлатӣ, истифодаи босамару мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, инчунин муайян намудани уҳдадориҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият вобаста ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» иборат мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумати мамлакат ва роҳбарони вазорату идораҳо ҷиҳати таъмини саривақтии иҷрои нақшаҳои буҷети давлатӣ дар соли 2023 дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Аз ҷумла супориш дода шуд, ки ҷиҳати дарёфи роҳу усулҳои нави иҷрои нақшаи андоз ва буҷетӣ давлатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ҷалби шаҳрвандон ба меҳнати фоиданоки дастӣ, аз қабили тиллошуйӣ дар қаламрави мамлакат тадбирҳои бетаъхир андешида шавад. Дар робита ба ин масъала таъкид гардид, ки дар як давраи кутоҳ бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат беш аз 7000 нафар барои тиллошуйи иҷозатнома гирифта, ба ин намуди меҳнати фоиданок ҷалб шудаанд.

Сипас аъзои ҳукумати мамлакат Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023 дар асоси нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакатро барои давраҳои минбаъда фаро мегирад.

Баъди муҳокима дар маҷлиси ҳукумати мамлакат Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, “Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028”, “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026” ва дигар масъалаҳои рӯзномаи кори маҷлиси ҳукумати мамлакат баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар масъулон барои таъмини саривақтӣ ва босифати нишондиҳандаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани соли 2022 ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар солҳои оянда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дастуру супоришҳои дигар доир ба таъмини фаъолияти самарабахши иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ мамлакат, махсусан иншооти роҳу нақлиёт, барқу алоқа ва муассисаҳои иҷтимоӣ дар фасли зимистон, таъминоти аҳолӣ ва иншооти таъиноти гуногун бо барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти неруи барқ, сарфакорона истифода бурдани барқу гармӣ ва пардохти саривақтии маблағи онҳо, пешгирӣ кардани ҳолатҳои сухтор ва риояи қатъии талаботи қонунгузории мамлакат доир ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

kaynak:http://www.president.tj/node/29847?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон https://t.co/wqlIrEqsOp

— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) December 29, 2022