Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
İstanbul °C

Ифтитоҳи бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

REKLAM ALANI
13.03.2023
A+
A-

 

 

 

 

Ифтитоҳи бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

13.03.2023 , шаҳри Душанбе

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад.

Ҳамчунин дар ошёнаҳои болоӣ ду маҷлисгоҳи дигар барои 100 нафар, бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои хизматрасонӣ сохта шудааст.

Бинои Нозироти андоз дар ноҳияи Сино дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои 110 нафар корманди соҳа, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва андозсупорандагон шароити хуби кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.

Масоҳати умумии иншоот 30 садяк заминро ташкил намуда, корҳои сохтмонӣ дар он соли 2021 оғоз гардида буд.

Фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мега Техника Иншоот” мебошад.

Дар бинои тозабунёд 40 ҳуҷраи корӣ мавҷуд мебошад, ки ҳар яки он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.

Насби дастгоҳу таҷҳизот ва барномаҳои муосири соҳавӣ имкон медиҳад, ки шафофияти фаъолияти нозироти андоз дар муносибат бо андозсупорандагон таъмин карда шуда, бидуни омили инсонӣ ва бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию уҳдадориҳои андозсупорӣ анҷом дода шавад.

Ҳамзамон соҳибкорон имкон пайдо намуданд, ки бо истифода аз шабакаи интернет эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд, шинос шаванд.

Бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо тарҳу услуби хоси меъморӣ бунёд карда шуда, ҳамзамон саҳни он бо гулу бутта ва ниҳолҳои ороишию сояафкан ободу зебо гардонида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар ин бино ба роҳбарият ва кормандон ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Сино ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷӯҳ ва дастгирҳои ҳамешагиашон нисбат ба кормандони мақомоти андоз изҳори сипосу миннатдорӣ карда, бинои навбунёдро дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

facebook

kaynak:http://www.president.tj/node/30173?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.